Баъд аз раиси Намангон раиси вилояти Бухоро ҳам ба хона-вагон кӯчид

Ботир Зарипов, раиси вилояти Бухорои Узбекистон, ки рӯзи 1 март ба ноҳияи Алат рафта буд, дар хона-вагоне истиқомат кард, ки дар маҳаллаи “Давлатбой” бунёд шудааст.

Зарипов гузориши муовинон, раиси маҳалла, роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои ноҳияи Алатро шунида, бо мардум мулоқот кардааст.

Аз маркази матбуотии вилояти Бухоро гуфтанд, Ботир Зарипов фаъолияташро дар ситоди сайёр идома медиҳад.

Пештар аз ин дар маҳаллаи “Бунёдкор”, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 феврал дар доираи сафари ғайринақшавияш ба вилояти Намангон аз он боздид карда буд, барои раиси вилоят Шавкат Абдураззоқов аз контейнер хона сохтанд.

Бино ба иттилои маъмурияти вилояти Намангон, “хонаи раиси вилоят” аз чандин контейнер иборат аст.

Худи Абдураззоқов баъди рафтани Мирзиёев бо сокинони “Бунёдкор” вохӯрӣ анҷом ва ваъда дода, ки омада, дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад.

Намояндаи маъмурияти Намангон гуфт, хонаи контейнерӣ сайёр буда, дар сурати лозимӣ ба маҳаллае интиқол дода мешавад, ки дар он корҳои ободонӣ ҷараён доранд.

Ба гуфтаи як фаъоли “Бунёдкор”, корҳои ободонӣ дар маҳалла шабонарӯзӣ идома доранд.

Дар маъмурияти Намангон гуфтанд, ки рӯзҳои наздик барои раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ин вилоят аз контейнер хонаи сайёр сохта мешавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, маҳаллаҳои Намангонро аз тариқи ҳашар ва ҷалби кормандони ниҳодҳои давлатӣ обод карданианд.

Яке аз рӯзноманигорони Намангон гуфт, тамоми харҷҳои ин гуна ҳашарҳо “тибқи анъана” аз ҳисоби кормандони “буҷавӣ” пардохт мешавад.

Шавкат Мирзиёев 18-19 феврал аз Намангон боздид карда, ба таври ғайриинтизор ба маҳаллаи “Бунёдкор”, воқеъ дар 8-километрии шаҳри Намангон рафт. Президенти Узбекистон баъди боздид аз маҳалла ва суҳбат бо сокинон раис ва додситони Намангонро барои вазъи маҳаллаи мазкур танқид кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.