Баъди моҳҳо танаффус миёни Тошкант ва Душанбе парвоз анҷом шуд

Миёни Тоҷикистону Узбекистон парвозҳои чартерӣ оғоз шуданд. Нахустин парвози чартерӣ рӯзи 5-уми январ аз Тошкант ба Душанбе анҷом шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Фурудгоҳи Душанбе гуфт, ҳавопаймои ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” соати 10:30 фуруд омад ва қарор аст то соати дигар ба Тошканд баргардад.

Тариқи ин парвоз 65 мусофир аз Тошканд ба Душанбе омаданд ва дар бозгашт ҳавопаймо 100 нафарро ба Узбекистон мебарад.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз нимаи марти соли гузашта қатъ шуда буданд. Феълан тибқи қарори мақомоти Узбекистон, шаҳрвандоне, ки марзи ин кишварро убур мекунанд, бояд аз санҷиш гузаранд, ки аз ҳисоби худи мусофир анҷом дода мешавад.

Дар мавриди оғози парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳанӯз иттилои расмие нашр нашудааст.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.