Байден ҳукумати Трампро барои “ваксинзании суст” танқид кард

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико, ҳукумати Доналд Трампро барои ваксинзании нокофии аҳолӣ ба зидди СOVID-19 танқид кард ва қавл дод, ки тақсиму ваксинзанӣ дар байни аҳолиро суръат мебахшад. Ӯ рӯзи 29-уми декабр гуфт: “Барномаи ҳукумати Трамп барои ваксинзанӣ аз нақша ақиб мемонад, бисёр ақиб мемонад.”

Ҳукумати Трамп қасд дошт, то охири сол 20 миллион дона ваксина тақсим мекунад, вале то бештар аз 11 миллион дона тақсим кардааст ва фақат 2.1 миллион нафар ваксина гирифтаанд. Омори мазкур аз Маркази назорати бемориҳо дар Амрико нашр кардааст. Ҷо Байден гуфт, агар ваксинзанӣ бо ҳамин суръат идома кунад, барои ин кор на моҳҳо балки солҳо зарур аст.

Ҷо Байден, ки рӯзи 20-уми январ расман идораи давлатро ба даст мегирад, гуфт, қонунеро ба иҷро медарорад, ки бар асоси он ҳукумат метавонад ба ширкатҳои хусусӣ дастур бидиҳад, истеҳсолу тақсими ваксинаро суръат бахшанд. Аввалин ҳамин моҳ Ҷо Байден қавл дод, дар сад рӯзи аввали ҳукуматаш 100 миллион дона ваксинаро дар Амрико тақсим мекунад.

Барои иҷрои ин кор зарур аст, ки дар Амрико дар як рӯз 1 миллион нафарро ваксина зананд. Ҷо Байден эътироф кард, ки бо вуҷуди ин моҳҳо зарур мешавад, то аксарияти мардуми Амрико ваксина бигиранд. Айни замон коронавируси нав дар Иёлоти Муттаҳида бо суръат доман паҳн мекунад ва ба гуфтаи Ҷо Байден, вазъ пеш аз онки беҳтар шавад, бадтар хоҳад шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.