Байден: “Дар мулоқот бо Путин аз ҳуқуқи инсон суҳбат мекунам”

Президенти ИМА Ҷо Байден дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Женева рӯзи 16-уми июн масъалаи ҳуқуқи инсонро баррасӣ хоҳад кард. Вай мавқеи ягонаи ИМА ва кишварҳои дигари ғарбиро дар ин ва дигар масоил муаррифӣ мекунад.

Дар ин бора Байден дар мақолае зикр кардааст, ки ба сафар ба Аврупо бахшида шудааст. Мақола дар нашрияи Washington Post нашр гардид.

Сафар ба Аврупо нахустин сафари хориҷии Байден ба ҳайси президенти ИМА хоҳад буд. Байден мегӯяд, дар ин сафар бо ҳампаймонони ИМА дар Аврупо – роҳбарони кишварҳои “Ҳафтгонаи бузург”, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо мулоқот хоҳад кард.

Байден гуфтааст, ИМА бояд роҳбари неруманди дунё бошад. Миёни масоиле, ки Байден зикр кардааст, мубориза бо COVID-19, буҳрони иқлим ва “рафторҳои зиёновар”-и мақомоти Чину Русия ҳастанд. 

“Мулоқот бо Владимир Путин дар Женева баъди он баргузор мешавад, ки ман бо дӯстон, ҳайпамонон ва шарикон дар сатҳи олӣ мулоқот мекунам”, – навиштааст Байден.

Президенти ИМА зикр кардааст, ки кишвараш ҷӯёи низоъ бо Русия нест, дар талоши пайдо кардани муносиботи пешгӯишаванда ва устувор аст, аммо бо ин вуҷуд Москваро барои “амалҳои зиёновараш” ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳанд кард. “Ҳангоме ки мо мулоқот кардем, ман бори дигар побарҷоии ИМА, Аврупо ва дигар кишварҳои ба мо наздикро ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва каромати инсонӣ тазаккур медиҳам”, – навиштааст Байден.

Мулоқоти Женева бо ташаббуси ИМА баргузор мешавад. Кремл як муддат ба ин пешниҳод посух надод, вале дар ниҳоят розӣ шуд, ки бо ҷониби ИМА мулқот барпо шавад. Ин нахустин дидори Байден бо Путин хоҳад буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.