Байден гуфт, созишномаи “New START”-ро бо Русия имзо мекунад

Президент Ҷо Байден ният дорад пеш аз хатми мӯҳлати иҷрои созишномаи ҷории назорати силоҳҳои ҳастаӣ бо Русия қарордоди навро имзо кунад. Созиши нав “New START” ном дорад ва қарордоди ҷорӣ 5-уми  феврал ба поён мерасад. Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 21 январ дар нишасти хабарие гуфт, “президент аз муддатҳо пеш гуфтааст, ки имзои созишномаи “New START” ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ИМА аст. Тамдиди он дар шароите, ки равобит бо Русия ҳарчи бештар хусусияти рақобатӣ касб мекунад, аҳамияти зиёд дорад”. Созишномаи “New START” як аҳдномаи миёни Вашингтон ва Маскав дар бораи назорат аз силоҳҳои ҳастаӣ мебошад ва аз ҳарду тараф тақозо мекунад, ки истиқрори кулоҳакҳои ҳастӣ дар ҳудуди на бештар аз 1550 адад ва истиқрори системаҳои стратегии интиқоли онҳо то 700 адад риоя шавад. Маъмурияти президенти пешин Доналд Трамп хост, ки дар талоши музокироти ниҳоӣ навъи дигари  силоҳҳои ҳастаиро ҳам маҳдуд карда Чинро барои имзои ин созишнома водор кунад. Русия ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки барои тамдиди мӯҳлати  ин созиш то панҷ соли дигар розӣ аст. Ин мӯҳлат ба Вашингтон ва Маскав имкон медиҳад, ки созиши назорати силоҳҳоро бо шарту шурути дигар такмил бикунанд. Хуруҷи Трамп аз  ду аҳдномаи назорати силоҳ мавриди нигаронии  муттафиқони аврупоии ИМА шуд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 21-уми январ аз Вашингтон ва Маскав тақозо кард, ки дигар тамдиди мӯҳлати ин санадро ба таъхир нагузошта  имзо кунанд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.