Байден нақшаҳои нави муқобила бо COVID-19-ро муаррифӣ хоҳад кард

Президенти ИМА  Ҷо Байден рӯзи 22-юми сентябр як ҷаласаи маҷозии бахшида ба масъалаи муқобила бо COVID-19-ро гардонандагӣ мекунад. Интизор меравад, ки раҳбари ИМА дар ин ҷаласа дар бораи ироаи воксинаҳои бештар ба кишварҳои дигари ҷаҳон ва ҳам ёриҳои иловагӣ хабар бидиҳад.  Байден дар суханрониаш аз минбари Маҷмаи кулли СММ рӯзи 21-уми сентябр гуфт, ки ИМА ба барномаи ҷаҳонии мубориза бо COVID-19 – 15 миллиард доллари иловагӣ ҷудо мекунад, то ки ба кишварҳои дигар 160 миллион дона воксинаи дигар тақсим шавад. Ҷаласаи маҷозии зери раҳбарии Байден дар ҳоле ташкил мешавад, ки дар ИМА ҳолатҳои афзоиши олудашавӣ ба COVID-19 мушоҳида мешавад.

Мавзӯи дастрасии одилона ба воксина дар саросари ҷаҳон яке аз масъалаҳои калидии ҷаласаи сарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона хоҳад буд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои қабулкунандаи воксинаҳои хайрияи ИМА мебошад. Рӯзи 20-уми сентябр сафорати ИМА дар Душанбе гуфт,  тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)  115 ҳазор воя ваксинаи Pfizer-ро ба Тоҷикистон ворид кард. Қарор аст дар фурсати кӯтоҳ шумори умумии воксинаи  навъи Pfizer-и аз ҷониби ИМА тақдимшуда ба Душанбе  325 ҳазор 260 вояро ташкил диҳад. Ин воксина бахше аз кӯмакҳое мебошад, ки тавассути барномаи Маркази дастрасии глобалӣ ба ваксинаҳои зидди COVID-19 (COVAX) фиристода шудааст.  Моҳи июли соли ҷорӣ ИМА 1,5 миллион вояи ваксинаҳои Moderna-ро ба Тоҷикистон фиристода буд.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.