Байден назарҳои Трамп дар бораи коронавирусро “хиёнат” ба ИМА номид

Собиқ муовини президенти  ИМА Ҷо Байден гуфт, изҳори назарҳои хусусии президенти ИМА Доналд Трамп дар зимистони гузашта дар бораи хатарҳои коронавируси нав, ки гуфтааст, ин вирус бадтар аз як зуком нест, “хиёнат” ба мардуми Амрико аст. Зимни суханронӣ дар Мичиган рӯзи 9-уми сентябр ӯ гуфт, ки Трамп ҷиддияти вирусро медонист, вале “огоҳона хатари онро кам нишон медод”. Ин посухи Байден ба як сабте буд, ки дар он Трамп дар оғоз ба хотири роҳ надодан ба воҳима хатари коронавируси навро камтар нишон дод. Дар як сабте рӯзи 19-уми март Трамп гуфт, ки “ҳамеша мехост хатари вирусро камтар нишон диҳад”. Дар як мусоҳибааш рӯзи 7-уми феврал Трамп эътироф кардааст, ки дар бораи марговару хатарнок будани коронавирус ба хубӣ огоҳ буд. Ин сабтҳоро як журналисти собиқадор Боб Вудворд карда  гуфтааст, ки сӯҳбатҳои Трампро барои истифода дар як китоби таҳқиқотиаш бо иҷозат дастрас кардааст. Нашрияи Washington Post бахше аз ин сабту мусоҳибаҳоро нашр кард. То ҳол вокуниши худи Трамп ба ин хабар дар даст нест.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.