Байден раҳбарони Ҳинду Ҷопон ва Австралияро даъват намуд

Қарор аст рӯзи 24-уми сентябр президенти ИМА Ҷо Байден дар Кохи Сафед ҷаласаи сарони кишварҳои узви гурӯҳи Quad-ро барпо  кунад, ки аз раҳбарони кишварҳои  Ҳинду Уқёнусия иборат аст. Рӯзи 24-уми сентябр Байден нахуствазирони  Ҳинд, Ҷопон ва Австралия – Нарендра Моди, Йошиҳиде Суга ва Скотт Моррисонро қабул мекунад. Ин ҷаласа ба Байден имкон медиҳад, ки таваҷҷӯҳро аз вокуниши тунди Фаронса ба барномаи бисёрмиллиарддолларии сохтмони киштиҳои зериобии атомӣ барои Австралия ба сӯи дигар бикашад. Пеш аз ҷаласаи Quad, ҳукуматҳои Ҷопону Ҳинд эълони ИМА-ро дар бораи эҷоди як эътилоф бо Австралия ва Бритониё истиқбол карданд.

ИМА, Бритониё ва Австралия гуфтанд, ки нақшаи сохтмони киштиҳои ҳастаии зериобӣ ӯҳдадории ин кишварҳо дар баробари минтақаи Ҳинду Уқёнусияро тақвият дода, изҳори умедворӣ кардаанд, ки бӯҳрони дипломатии баамаломада дар дарозмуддат ба равобит бо Фаронса осеб намерасонад.

Фаронса маъмурияти Байденро дар “зарба аз пушт” гунаҳгор кард. Вале баъди як гуфтугӯи телефонии президентони ИМА ва Фаронса – Ҷо Байден ва Эммануэл Макрон рӯзи 23-юми сентябр таниш камтар шуд ва раҳбарон ба мувофиқа расиданд, ки фаъолиятҳо дар қаламрави Ҳинду Уқёнусияро аз наздик ҳамоҳанг мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.