Байден Зеленскийро ба Вашингтон даъват кард

Президент Ҷо Байден  ба нишони дастгирии Украина, раиси ҷумҳурии ин кишвар Владимир Зеленскийро даъват кард, ки тобистони имсол ба Вашингтон ташриф оварад. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии президент рӯзи 7-уми июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Байден бо Зеленский телефонӣ сӯҳбат кард ва ӯро ба сафари Вашингтон даъват намуд. Ин бори дуюм аст, ки аз замони сари кор омадани Байден дар моҳи январи имсол бо раҳбари Украина сӯҳбати телефонӣ анҷом медиҳад. Зеленский дар посух гуфтааст, ки “аз ин мулоқот  умеди зиёд дорад” ва ба тавсеаи  ҳамкориҳои стратегии миёни ИМА ва Украина умед мебандад.

Сафари расмии Зеленский ба Вашингтон барои боло бурдани мизони маҳбубияташ дар дохили Украина мусоидат мекунад, чун собиқ ҳаҷвнигори 43-сола дар муқобили сиёсати хашини Русия дар дохили кишвар маҳбубияташро аз даст медиҳад. Рӯзи 16-уми июн қарор аст дар Женева мулоқоти рӯбарӯи президентони ИМА ва Русия баргузор шавад ва ин нахустин дидори Ҷо Байден ва Владимир Путин дар мақоми раёсатҷумҳурӣ хоҳад буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.