“Балвои мудирон” дар Радиои Озодӣ. Шарҳи коршинос

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ҳафт узви ҳайати таҳририя ва аксарияти мудирони бахшҳои гуногуни Радиои Аврупои озод/Радиои Озодӣ зери раҳбарии  Дейзи Синделар  аз раҳбари Созмони расонаҳои ҷаҳонии ИМА (U.S. Agency for Global Media) Майкл Пак ба Сенат ва Маҷлиси намояндагони ИМА шикоят бурда, ӯро дар “барҳам задани истиқлолияти расона” гунаҳкор донистаанд.  Зоҳиран ин амал эътироз ба президенти радио таъин кардани Тед Липиен аз ҷониби Пак мебошад.
Коршиноси расонаӣ ва собиқ корманди бахши қазоқии Радиои Озодӣ Асем Токаева ин  “мактуби дастаҷамъонаи меҳнаткашонро”, ки хоси Шуравӣ буду алҳол аз абзорҳои ҳукуматҳои худкома бар зидди дигарендешон ва мухолифин мебошад, “балвои мудирон”  ва “амали зидди фарҳанги корпоративии амрикоӣ” меномад. Чаро? Мухтасари шарҳи ӯ чунин аст: 

  • Ба маҳзи ба Radio Free Europe/Radio Liberty  омадани раҳбари нав дар моҳи декабр собиқ президенти радио Дейзи Синделар ин балворо ташкил кард, то аз рафтани ҷумҳурихоҳон аз қудрату сари кор омадани тими Ҷо Байден суистифода кунад.
  • Бо ин амалаш ӯ аз мунтазам радд шудани муроҷиатҳои  ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон дар мавриди он ки расонаи таҳти идорааш дар хидмати ҳукумати худкомаи Қазоқистон қарор дорад ва дар миёни мардум аз он бо истеҳзо “нуразаттык” ном мебаранд, парда бардошт. Акнун вуҷуди фасоди сиёсиву рушди непотизм ва доираҳои тавофуқӣ дар муҳитҳои амрикоӣ низ барои аксарият рушан шуд.
  • Шояд кам касон медонанд, ки 19 декабри соли 2020 Тед Липиенро президенти радио таъин карданд, ки мудири ботаҷрибаи зиддибуҳронӣ мебошад. Ӯ замоне аз менеҷорони бартари Радиои Озодӣ ва мудири идораи “Садои Амрико” дар Лаҳистони замони раёсати низомии Вуйтсех Ярузелский буд.  Табиист, ки чунин раҳбар дар радио ислоҳот роҳандозӣ карда, самарнокии онро боло мебарад, аз шармандагиҳои пай дар пайи бахшҳои гуногун, ки солҳои охир муҳити иттилотии пасошуравиро метарконанд, пешгирӣ мекунад. Ҳарчанд дар нома гӯё шикоят аз болои Майкл Пак аст, аммо ин балвои мудирон зидди ӯ равона шудааст, на зидди Пак.

  •  Дар умум ин кор ба фоидаи радиои Озодӣ ва аҳдофи оинномавии у нест. Синделар бо ташкили “номаи меҳнаткашон”, ки ба гумони ғолиб замони кор дар Маскав аз худ кардааст,  таъини раҳбари навро соботаж кард. Истифода аз чунин абзор, ки амал барои фарҳанги кории амрикоӣ  бегона аст. Аммо бори дуюм аст, ки барои тағйироти кадрӣ аз он суистифода мешавад. Дер ё зуд ин амалҳо ва манфиатбардорони аслии он фош хоҳанд шуд.
  • Ин амал рушан кард, ки дар сатҳи мудирони бартари Радиои Озодӣ чӣ гуна муҳити ғайриахлоқӣ  вуҷуд дорад ва чаро ифшои фаъолиятҳои нуфузиву таблиғотии бахшҳои қазоқиву тоҷикӣ, непотизми бахши қирғизӣ, сонсурҳои бахши туркманӣ солҳо тавассути гургҳои болоии RFE/RL хафа карда мешуд.
  • Бо таъин шудани  Хамид Исмаилов ба унвони раҳбари бахши Осиёи Марказии RFE/RL як соли пеш умедҳое пайдо шуданд, аммо муттасифона,  ӯ  аллакай бархе аз нафарони худро аз Ландан овардаву таҷрибаи непотизми Радиои Озодиро зиёдтар кард.
  • Даст доштани мудирони бахшҳо дар фаъолиятҳои нуфузиву гуруҳбозӣ, ҷой доштани “руйхатҳои сиёҳ” ва тахаллуфоти молӣ  дар радио бояд мавриди санҷиш қарор бигиранду низоми идораии радио комил бигардад. Ин кор бо раҳбарияти қаблӣ имконнопазир аст.

The post “Балвои мудирон” дар Радиои Озодӣ. Шарҳи коршинос appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.