Бандари шаҳри Бейрут дубора оташ гирифт

Оташнишонҳо тавонистанд сӯхтори бузург дар бандари шаҳри Бейрути Лубнонро то шоми 10 сентябр хомӯш созанд. Мақомоти Лубнон гуфтанд, эҳтимол дорад, сӯхтор бар асари амалҳои бадхоҳона сар зада бошад.

Ин оташсӯзӣ дар анбори равғанҳои молиданӣ ва чархҳои мошин ба миён омадааст. Барои хомӯш кардани он тамоми оташнишонҳои шаҳр сафарбар шуда, дертар ба онҳо чархболҳои низомӣ низ пайвастанд.

Президенти Лубнон Мишел Аун гуфт, эҳтимоли даст доштани нерӯи хориҷӣ дар таркиши Бейрут вуҷуд дорад. “Оташсӯзии имрӯз метавонад амали барқасдонаи харобкорӣ ё пайомади иштибоҳи техникӣ, ноогоҳӣ ва беэҳтиётӣ бошад”, – изҳор дошт ӯ.

Ёдрас мешавем, 5 августи соли равон дар бандари Бейрут миқдори зиёди селитраи аммиак таркид. Дар ин таркиш ҳудуди 6 ҳазор нафар захмӣ шуда, 300 ҳазор нафар бехонаву ҷо шуданд. Зиёни молии ин таркиш аз 10 то 15 миллиард доллар гуфта мешавад.

Бархе аз расонаҳо навиштанд, ин таркиш дар натиҷаи сӯхтор рух дод, ки анбори нигаҳдории миқдори зиёди селитраи аммиакро низ фаро гирифтааст. Тибқи гузоришҳо, 2750 тонна аз ин мавод дар анбор аз соли 2013 нигаҳдорӣ мешуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.