“Барқи тоҷик” бо “Бришно”- и Афғонистон барои интиқоли барқ қарордод имзо кард

Тоҷикистон бо Афғонистон барои интиқоли барқ дар соли 2022 созишнома ба имзо расонид. Қарордод рӯзи 26- уми декабр дар пайи як гуфтушуниди дурӯза дар шаҳри Тошканд миёни ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати “Бришнои” – и Афғонистон ба имзо расидааст. Дар ин бора ширкати “Барқи тоҷик” дар сомонаи расмии худ хабар дод.

Қарордодро Ҳафиз Муҳаммад Амин, раиси ширкати “Бришно” ва директори генералии “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода имзо кардаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки байни ширкати “Барқи Тоҷик” ва ширкати “Брешно” қарордоди содироти барқ аз соли 2008 амал менамояд. Қарордод ба муддати 20 сол баста шуда, то соли 2028 идома дорад.

“Қарордоде, ки рӯзи 26 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ба имзо расид, қарордодаи иловагӣ буда, ҳама сола барои муайян намудани ҳаҷми барқи интиқолшаванда, барои соли оянда амалӣ мегардид. Мувофиқи ин қарордоди иловагӣ соли 2022 ширкати “Барқи Тоҷик” ба ширкати “Брешно” дар фаслҳои гарм, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарўз то 400 МВТ барқ интиқол хоҳад дод», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, дар давраи аз моҳи май то сентябр Тоҷикистон барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати “Бришно” аст ва маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст.

“Миқдори барқе, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба ширкати «Бришно» интиқол меёбад, 25-30 МВТ-ро ташкил дода, аслан барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист. Ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад”, – зикр мешавад дар изҳороти “Барқи тоҷик”.

Ширкати “Барқи тоҷик” таъкид мекунад, ки қарордоди мазкур танҳо ҷанбаи иқтисодӣ дорадва яке аз  шартҳои муҳими он дар муҳлати муаян пардохт намудани қарзҳои ширкати «Бришно» мебошад, ки аллакай амалӣ гашта истодаанд.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Толибон робитаҳои дипломатӣ надорад ва сиёсатаҳои онҳоро ба таври ошкор интиқод кардааст.

Сообщение “Барқи тоҷик” бо “Бришно”- и Афғонистон барои интиқоли барқ қарордод имзо кард появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.