Бар асари заминларза дар Афғонистон 250 нафар ҳалок шуданд
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ бар асари заминларзаи шадид дар дар вулусволии Гиёни вилояти Пактико беш аз 250 нафар кушта ва теъдоди зиёде захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса ҳудуди соати 1:30 имшаб дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ рух додааст. Манобеи маҳаллӣ аз вулусволии Гиён ба aamajnews.com гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса як русто ба гунаи комил вайрон шудааст.
Манбаъ: Asiaplustj.info