Баргузории маъракаҳои бахшида ба ҷашни Истиқлол дар Тоҷикистон манъ шуд

Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эълон кард, ки баргузории ҳамагуна чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Истиқлол дар кишвар манъ аст. Қарор 2-юми сентябр нашр шуд. Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҷашни Истиқлол таҷлил мешавад. 

Бар асоси қарори Ситоди муқобила бо COVID-19:

гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ,
чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ,
конфронсу нишастҳои ҷашнӣ,
шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлол манъ аст.

Дар изҳороти Ситод гуфта мешавад, ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии пандемия ва “пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ” мебошад.  

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.