Бархе минтақаҳои Тоҷикистон гуфтанд, нақшаи даъват ба артишро иҷро кардаанд

Дар рӯзи нахустини шурӯи мавсими баҳории даъват ба артиш баъзе минтақаҳои Тоҷикистон аз иҷрои нақша хабар дод. Аз ҷумла, тибқи  ҳисобот   ноҳия Рашт, Дарвозу Шуғнон, шаҳри Хоруғ ва     деҳоти Воруху  Чоркуҳи  Исфара нақшаи пешбинишударо “барзиёд” иҷро намуданд. Ба гуфтаи мақомот, “ҳамаи ин наваскарон бо хоҳиши худ”  ба комиссаритҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола бо оғози  мавсими давъат   шикоятҳо дар бораи тариқи  сарбозшикор  ё облава бурдани  ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ  расонаӣ мегардад. Дар ҳамин ҳол, Ҷовид Пирзода,   як маъсули  Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон”  гуфтааст, барои муайян кардани ҳаҷми маблағ  ва шакли пулакии хидмат санади мушаххасе дар ҳоли омода шудан аст. Зимнан, тибқи қонуни нав аспирантҳо ва магистрҳоро ҳам ба хизмат мебаранд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.