Барномаи “Ҳақ ва ботил”- руйдоди нав дар муҳити иттилотии тоҷикӣ

 Ин барномаи нав дар Ютуб дар пахши мустақим то 12 ҳазор бинандаро ҷамъ оварда, як навораш то 130 ҳазор бинанда дорад. МедиаМаркер вежагиҳои ин тарҳ ва сабабҳои муваффақияти босуръати онро таҳқиқ кард.

  • “Ҳақ ва ботил” тарҳи нав дар бахши тоҷикии Ютуб аст, ки вежагии аслии он пахши мустақими баҳси ҷонибдорон ва мухолифини ҳукумати феълии Тоҷикистон мебошад.
  • Гардонандаҳои он бори нахуст дар муҳити расонаии тоҷикӣ ба корбарони фаъол шароит фароҳам овардаанд, ки тарафдорони ҳукумат тариқи WatsApp ва озодихоҳон тариқи Imo бо шумораи телефонии таъинӣ вориди суҳбати озод бо ҳам шаванд.
  • Барнома рӯзҳои якшанбе, соати 22.00 ба вақти Душанбе баргузор шуда, маъмулан аз 1,5 то 3 соат идома меёбад. Аммо барномаи ахир то 6 соат идома дошт. Ширкатдорони он худро муаррифӣ мекунанд. Гоҳе ҳам баъзе аз ширкатдорон чеҳраи худро мепӯшанд. Суҳбат тариқи барномаи Streamyard  якбора дар чанд шабака паҳн шуда, ҷараёни суҳбатро муҷрӣ Ҳусейн Ашӯров танзим мекунад.
  •  Ҳусейн Ашӯров мегӯяд,  “ин тарҳ ҳанӯз аввали соли 2020 пайдо шуда буд, аммо пандемияи вируси куруно пеш омаду кор ақиб афтид. Мо эҳсос кардем, ки мардум мехоҳанд аз мушкилоту роҳҳои ҳалли он бигӯянд, назар бидиҳанду аз назари мухолиф боинсофона интиқод кунанд. Барои ин майдони нав лозим буд ва мо онро дар Ютуб сохтем”.
  • Барномаи “Ҳақ ва ботил” дар коноли “Гуруҳи 24” пахш мешавад, ки беш аз 85 ҳазор ҳамванд дорад.
  • То имрӯз гардонандаҳои тарҳ  6 маротиба пахши мустақим доштаанд, ки дуи аввалро озмошӣ мегӯянд.  Ахирин барнома “Дар соли 2021 аз ҳукумат чи чизро интизоред?” унвон шудааст.
    Нахустин барномаро ҳудуди 100 ҳазор тамошо кардаанду барномаи ахириро беш аз 130 ҳазор нафар,  ки барои Ютуби тоҷикӣ нишондиҳандаи хуб маҳсуб мешавад.
  • Маъруф шудани барнома ё сиёсӣ будани он сабаб шуд, ки дар як моҳ чанд коноли дугоники он, назири “Ҳақ ва ботил Official”  таъсис ёфтанд, ки баъзеҳо дар асоси шикояти муаллифон баста шуданд.
  • Сабаби таваҷҷуҳи зиёд ба инчунин тарҳу барномаҳоро рӯзноманигори маъруф ва коршиноси расонаӣ Дориюш Раҷабиён дар адами озодиҳои маданӣ дар Тоҷикистон мебинад:  “Дар ҷомеъае, ки расонаҳои дохилиаш аз озодии баён маҳрум бошанд ва изҳори назари озод як амри ғайримаъмулӣ бошад, табъан, чунин барномаҳое нодиранд ва таваҷҷуҳ ба онҳо афзоиш меёбад. Ҳар чи камёб аст, маҳбуб ё хостанӣ мешавад. Як ъомили дигари маҳбубияти ин навъ барномаҳо ихтилофи назари шадид дар миёни ҷомеъа ё дуқутбӣ шудани он аст. Ҳар навъ дудастагӣ ниёз ба доштани трибун барои фарёд задани дидгоҳҳои яке аз ду (гоҳ чанд) тарафро ташдид мекунад”.
  •  Аз камбудиҳои тарҳ ба эҳсосот дода шудани корбарон ва гоҳе ҳам гардонанда, риоя нашудани забони меъёр, лаҳни тунди суҳбат, дашномҳои номусӣ, интиқоди беасос, ҳаракатҳои нозеб, майл ба мавзеъгирии мазҳабӣ, беэҳтиромӣ ба фарҳанги ғайр, нодида гирифтани фарҳанги миллӣ  ғ.ҳ. мебошанд, ки дар умум хоси аксари конолҳои ютубӣ ва шеваи “истеҳсоли сари зону” мебошанд. Аммо ин камбудиҳо монеъ нашуда, ки ҳар барнома 2 ҳазор бинанда дар пахши мустақим зиёд шудаанд.
  •  Муҷрии барнома Ҳусейн Ашӯров дар шарҳи мавридҳои интиқод мегӯяд, ки “мо хуб мефаҳмем, ки сатҳи маърифат дар ҷомеа гуногун аст, вале коре накарда онро боло бурда намешавад. Ҳар пахши нав маърифату нотарсӣ дар ҷомеаро боло мебарад ва худи мо ҳам беҳтар мешавем”.
  • Маврид ба зикр аст, ки Гуруҳи 24 дар шинохт ва таъини тамоюлҳои расонаӣ нақши хос дорад. Ин ҳаракат дар соли 2012 бори нахуст дар торихи сиёсии Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор танро дар гуруҳи ҳамномаш дар “Одноклассники” ба ҳам овард, ки назир надошт.Пойизи соли 2012 баъди як тавофуқ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2014 ин маҳфил ва гуруҳҳои дигари ҳаракат аз “Одноклассники” комилан руфта шуданду гуруҳ ба Фейсбук гузашт.
  • Ҳамон сол ҳаракат  Zello -ро ба абзори асосии фаъолияти расонаиву таблиғотӣ табдил дод, ки дертар боиси қатъи дастрасӣ ба ин шабака ва ҳатто экстремистӣ эълон шудани он дар Тоҷикистон гашт.
  • Дар нимаи дуюми соли 2016 ин гуруҳ барномаи “Садои мардум” дар Zello аз соли  2017 дар Ютуб роҳандозӣ кард, ки чанд сол яккатози бахши тоҷикии ин платформа буд ва аз суҳбатҳо бо корбарон дар пахши мустақим кор мегирифт. Барномаҳои алоҳидаи “Садои мардум”- аз 80 то 150 ҳазор тамошобин доранд.
  •  Махсусияти кулли ин тарҳу барномаҳо бархурди ҳизбӣ ва таблиғотӣ ба масоили мубрами ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон мебошад, ки табиист на ҳама онро қабул доранд.
  •  Солҳои ахир дигар талошҳои ташкили суҳбатҳои ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифин аз ҷониби ғайриҳизбиён ҳам буданд. Намунаи барҷасти он тарҳи “Гапи озод”-и бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мебошад.
  • “Гапи озод” пахши мустақим надорад, балки забти видеоии таҳриршудаи суҳбатҳо дар мавзуи таъинкардаи масъулони радио мебошад, ки серсарусадотаринашон мунозираи раиси ҳаракати “Ватандор”  Додоҷон Атовулло  бо раиси Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон  Муҳиддин Кабирӣ буд. Ин навор беш 211 ҳазор  бинанда доштааст.
  •  Таҳлили сиёсати редаксионии “Гапи озод”  аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулони радио ба таблиғгарон аз “Паймони миллии Тоҷикистон”-и Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидюнуси Истаравшанӣ таваҷҷуҳи хос доранду дар қиболи ин ё он тарғибгар ё масъули ҳизбӣ  ҳамсуҳбат меҷӯянд.  Ҳади аққал се ҳамсуҳбати МедиаМаркер аз шумори онҳое, ки ба барнома даъват шудаанд, ин нуктаро таъйид карданд.
  •  Бояд гуфт, ки сомонаву каналҳои ютубии дигар ҳам забтҳои таҳриршудаи аудиоӣ ва видеоии баҳсҳои ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифин аз гуруҳу ҳизбҳои гуногунро зиёд пахш мекунанд, аммо дар пахши мустақим чунин баҳсҳо ангуштшуморанд.
  • Ҷонибдорони ҳукумати феълӣ дар ин самт тарҳу ташаббусҳо роҳандозӣ накардаанд ё агар карда бошанд аз назари ин матлаби МедиаМаркер дур мондаанд.

MediaMarker 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.