Барномасози русро дар Амрико 9 сол зиндон карданд

Додгоҳе дар Амрико Алексей Бурков, шаҳрванди Русияро барои содир кардани ҷинояти киберӣ 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба навиштаи хабаргузории «РИА Новости» айбдоркунандаи давлатӣ талаб карда буд, ки ӯро 15 сол аз озодӣ маҳрум кунанд.

Пештар Бурков танҳо ду банди иттиҳом, яъне дуздии маълумотҳои хусусии корти бонкӣ ва пулшуиро эътироф карда буд. Дар натиҷа се иттиҳоми дигар аз парвандаи Бурков лағв шуд.

Алексей Бурков, барномасози рус соли 2015 дар фурудгоҳи пойтахти Исроил бо дархости Вашингтон боздошт шуд. Моҳи ноябри соли 2019 бо вуҷуди эътирози Русия ӯро ба ИМА истирдод карданд.

Маскав ба Исроил пешниҳод карда буд, ки барномасози муттаҳам дар ҳамлаи ҳаккериро ба Наам Иссахар, шаҳрванди Исроил, ки дар Русия бо итттиҳоми маводи мухаддир зиндонист, иваз кунанд.

23 январ Владимир Путин ҳангоми сафар ба Исроил бо модари ин зани зиндонӣ вохӯрд. Ӯ ваъда кард, ки дархости ин занро барои авфи духтараш амалӣ мекунад. Баъдан, ӯро афв ва аз зиндон озод карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.