Бародари домоди Мирзиёв дар ВКД Узбекистон мақоми нав гирифт

Улуғбек Турсунов, сарҳанги 53-сола муовини сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати корҳои дохилии Узбекистон таъйин шуд. Улуғбек Турсунов бародари Ойбек Турсунов, домоди калонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аст. Рӯзноманигорон менависанд, номи Турсунов дар садҳо ҷанҷоли марбут ба ситонидани хонаҳои сокинон бо баҳонаи “таъсиси фоҳишахона” зикр шудааст. Сомонаи AsiaTerra навиштааст, Турсунов дар ғасби тиҷоратҳо, қитъаҳои замин ва фишор овардан ба тоҷирон даст дорад.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.