Бародари Муродалӣ Алимардонов боздошт ва нисбаташ парванда боз шудааст

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусия дар нисбати Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардонов — раиси “Агроинвестбонк”, парванда боз кардааст. Парда Алимардонов феълан дар боздошт қарор дорад.

Масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ки Парда Алимардонов аз “Агроинвестбонк” 90 миллион сомонӣ қарз гирифта, онро “ғайримақсаднок” истифода бурдааст. Аммо шарҳ дода нашуд, ки ӯ чигуна ин маблағҳоро “ғайримақсаднок” харҷ намудааст.

Фахриддин Акрамзода, як масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, дар сурати баргардонидани қарз ва ҷуброни зарар, имкон дорад парванда дар нисбати Парда Алимардонов қатъ шавад.

Нисбати Парда Алимардонов бо моддаи 246, қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон”, парванда боз шудааст. Тафтишоти ин парвандаро Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пеш мебарад.

Назари наздикони Парда Алимардонов дар нисбати ин гуфтаҳои масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳанӯз дастрас нест. Ва маълум нест, ки онҳо ба ин гуфтаҳои ниҳоди мубориза зидди фасод розӣ мебошанд ё не.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, ки дар маҷмӯъ соли гузашта дар “Агроинвестбонк” 82 миллион сомонӣ камомади пулӣ ошкор шудааст.

Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дар авоили соли 2019 Муродалӣ Алимардонов, раиси “Агроинвестбонк” ҳам бозпурсӣ карда буданд. Ӯ дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд.

“Агроинвестбонк” тақрибан 6 сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 700 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.