Барои шиори “Русия бидуни Путин” Немитоваро ҷазо доданд

Фаъоли ҷомеъаи мадании Русия Виктор Немитова ба 20 рӯз нигоҳдорӣ дар боздоштгоҳ маҳкум шуд.

Додгоҳи Маскав фаъоли ҷомеъа Виктор Немитоваро барои гирдиҳамоӣ бар зидди ислоҳи Конститутсияи Русия дар Майдони Сурх ба 20 рӯзи мондан дар боздоштгоҳ маҳкум кард.

Ӯ танҳо дар Майдони Сурх ба гирдиҳамоӣ даст задааст.

Қарор аст, рӯзи 1 июл дар Русия раъйдиҳии тағйироти конститутсионӣ баргузор шавад. Яке аз пурбаҳстарин тағйирот–ба ҳеҷ баробар шудани мӯҳлати президентии гузаштаи Владимир Путин аст ва дар сурати қабули он Путин ҳақ пайдо мекунад, ки ду мӯҳлати нави президентӣ дар сари қудрат бимонад.

Хабаргузории “Апология протеста” рӯзи 26 уми июн гузориш додааст, ки фаъоли ҷомеаи маданӣ дар амали дубора  вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор карда шудааст. Ӯ як  рӯз қабл 25 июн бо шиори “Русия бидуни Путин” ва “Нест бод ислоҳоти Конститутсия” боздошт шудааст.

Дар охирҳои моҳи май Немитов барои эътирозаш ба нишони пуштибонӣ аз фаъоли дигари маданӣ Владимир Воронтсов 15 руз дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта шуд ва баъдан ба 20 ҳазор рубл ҷарима карда шуда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.