Баррасии татбиқи сиёсати экологӣ дар барномаи таҳлилии «Сарват» аз Радиои «Ховар»

ДУШАНБЕ, 10.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Афзоиши босуръати аҳолӣ ва  зиёд шудани талабот нисбат ба об ҷомеаи ҷаҳонро водор намудааст, ки барои таъмини баробари об ба аҳолӣ ва истифодаи мақсадноки ин сарвати бебаҳо ташаббусҳои зиёд пешниҳод шуда, дар заминаи онҳо сохторҳо ва лоиҳаҳои  махсус вобаста ба ҳалли мушкилоти экологӣ таъсис дода шаванд. Соли 2014 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии мардумии Чин созишномаи ҳамкорие ба имзо расонид, ки  дар доираи он намояндагони илмии ҳарду давлат корҳои зиёди илмиву таҳқиқотӣ ба анҷом расониданд.

 Натиҷаи чунин ҳамкории самарабахш буд, ки соли 2016 дар асоси созшномаи муштараки Тоҷикистону Чин намояндагии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ  дар назди АМИТ таъсис дода шуд. Ба андешаи ноиби Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов, яке аз ҳадафҳои асосии таъсиси намояндагии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ  дар назди АМИТ- ин омӯзиши масъалаҳои марбут ба об, аз ҷумла, реҷаи дарёҳои Тоҷикистон ва хусусиятҳои гидрологии кӯлҳои Тоҷикистон, пешгирии хавфи офатҳои табиӣ, омӯзиши гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ба ин монанд ба ҳисоб меравад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба нақши намояндагии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати экологии мамлакат соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”– и радиои “Ховар” бо иштироки ноиби Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.