Баёнияи Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва веблогнависони тоҷик

Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва веблогнависони тоҷик эъдоми Руҳуллоҳи Зам, рӯзноманигори мухолиф, муассис ва мудири коноли телегромии Омаднюз (Amad News), тавассути мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум мекунад.

Мо ин рафтори ваҳшиёнаро навъе душманӣ бо озодии баён ва иқдоме барои бим додану хомӯш кардани садоҳои эътироз ва норизоятӣ дар ҷомеъаи ин кишвар талаққӣ мекунем.

Руҳуллоҳи Зам сирфан ба хотири фаъолиятҳои расонаӣ ва рӯзноманигорияш ҳадафи кинатӯзӣ ва муҷозоти худсарона аз сӯи режими худкомаи Ҷумҳурии Исломӣ қарор гирифтааст. Мутаассифона, ин танҳо сӯиқасд ба озодии баён дар Эрон нест.
Тайи як соли гузашта садҳо нафар аз шаҳрвандони эронӣ сирфан ба хотири истифодаи машрӯъ аз ҳаққу ҳуқуқи инсонии худ ба озодии баён, озодии боварҳо ва ширкат дар эътирозоти густарда боздошт, шиканҷа ва эъдом шудаанд, ки боиси нигаронии шадиди созмонҳо ва гуруҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аст.

Мо муътақид ҳастем, ки ин рафтор на бо арзишҳои башарӣ созгор аст ва на бо суннатҳои фарҳангию торихии Эронзамин.
Забон ва адаби порсӣ ҳамвора мубаллиғи раводорӣ ва арҷгузорӣ ба сухан аст.  Дарвоқеъ, ҳамин сухан ва суханварӣ ва қаламу қаламкашӣ буда, ки мӯҷиби пойдории Эрон ва ҷомеаҳои форсизабон дар торих шудааст, на низомҳои истибдодӣ ва худкома, ки ҳеч кадом дер напойидаанд ва ба партгоҳи торих сарозер шудаанд.

Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва веблогнависони тоҷик аз ҳамаи рӯзноманигорон ва созмонҳои расонаии форсизабон мехоҳад, ки ин ҳамлаи аҳриманона ба озодии баёнро маҳкум кунанд ва дар баробари ҳар гуна иқдомоти душманонаи низомҳои худкома бо озодии баён дар ҳарсе кишвари форсизабон, даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва истодагӣ кунанд.

Варшов, 13.12.2020

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.