Баёнияи панҷ ниҳоди амрикоии пешбурди демократия дар ҷаҳон оиди ҳаводиси ахир

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Раҳбарони NED, IRI, NDI, CIPE ва Solidarity  Center бо пахши як баёнияи муштарак амали ҳамлаи тарафдорони раисҷумҳури ИМА Доналд Трампро ба Капитолияи Иёлоти Муттаҳида маҳкум намуданд.
  • Дар матни ин  баёния омадааст: «Мо имрӯз аз ҳамлаи ваҳшиёна ва иғвоангез ба Капитолияи Иёлоти Муттаҳида ба ҳайрат омадем. Бо вуҷуди ин, мо ба нерӯи пойдори ниҳодҳои амрикоӣ итминон дорем ва ҳама гуна талош барои суст кардани демократияи мо ба шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд. Онҳое, ки имрӯз ба корҳои ғайриқонунӣ даст доранд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд “
  • Масъулини ин ниҳодҳо таъкид кардаанд, ки «асосии демократия ин рақобати осоиштаи ғояҳо дар байни шаҳрвандон мутобиқи қонун мебошад. Пас аз интихоботи озод ва одилона, вақте раҳбарон шикаст мехӯранд, бояд интиқоли осоиштаи қудрат сурат гирад. Маҳз тавассути чунин равандҳои демократӣ озодиҳои асосӣ ҳифз карда мешаванд ва имкон ва адолат барои ҳама имконпазир аст. Мо аз таҷрибаи чандинсола медонем, ки кори демократия ҳеҷ гоҳ комил нест ва  осебпазир аст. Дар баробари ин, мо инчунин медонем, ки он устувор аст. “
  • Дар охир, муаллифони баёния изҳори боварӣ намудаанд, ки  «ба қарибӣ дар кишвари мо давраи беҳбуди миллӣ оғоз хоҳад ёфт ва демократияи моро навсозӣ хоҳад кард. Ҳангоме, ки амрикоиҳо сафари душвор, вале таърихии худро дар роҳи сохтани “иттифоқи беҳтар” дар ватан идома медиҳанд, мо мехоҳем бори дигар  тааҳҳуди худро  барои ҳамбастагӣ бо ҳамаи онҳое, ки аз арзишҳои демократӣ бархӯрдор ҳастанд, тасдиқ намоем ва бар зидди ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд онҳоро халалдор намоянд, мубориза барем. “
  • Дар зери  баёния Карл Гершман, президенти Бунёди миллии демократия (NED), Дерек Митчелл, президенти Институти миллии демократbz (NDI),  Дан Твининг, президенти Институти байналмилалии ҷумҳурихоҳӣ (IRI), Шoна Бадер-Блау, собиқ директори Маркази ҳамбастагӣ (SC), Эндрю Уилсон, собиқ директори Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ (CIPE) имзо гузоштаанд.
  • Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп  шикасти худро дар интихоботи раисҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро эътироф накарда, натиҷаҳои онро тақаллубӣ ҳисобида, тарафдорони худро ба эътироз даъват кард. Ҳангоми тазоҳуроти тарафдорони Доналд Трамп дар назди бинои Капитолияи ИМА, ки ҳадаф аз он роҳ надодан ба ҷаласаи муштараки Сенат ва Маҷлиси намояндагони ИМА буд, 5  нафар кушта шуда, теъдоди дигар захмӣ шуданд. Даҳҳо тан аз тазоҳуротчиён боздошт шудааанд.
  • Айни ҳол вазъ зери назорати қатъии мақомот қарор дошта, санаи 21-уми январ интиқоли қудрат аз Доналд Трамп ба президенти навинтихобшуда Ҷо Байден дар назар мебошад.

The post Баёнияи панҷ ниҳоди амрикоии пешбурди демократия дар ҷаҳон оиди ҳаводиси ахир appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.