“Баъзе аз муҳоҷиронро бо автобус оварданд”. Овоздиҳии тоҷикон дар хориҷа чӣ гуна гузашт?

Тоҷикистон барои шаҳрвандонаш, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд ва ё дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, дар 29 кишвари ҷаҳон 39 қитъи овоздиҳӣ ташкил кардааст.

Сандуқҳои раъй аксаран дар бинои намояндагиҳои расмии Тоҷикистон ҷойгиранд. Ҷамоаи аз ҳама бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қарор дорад. Аз ин рӯ, дар панҷ шаҳри бузурги Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Уфа, Екатеринбург ва Новосибирск нуқтаҳои раъйдиҳӣ ташкил карда шуд.     

Навбатпоии аз ҳама зиёд барои овоздиҳӣ дар интихобот дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба мушоҳида расид. Ба гуфтаи Умед Бобоматов, хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ, ки ҷараёни овоздиҳиро дар назди  сафорат назорат мекард, на ҳама муҳоҷирон довталабона барои раъйдиҳӣ омада буданд. Қисме аз муҳоҷиронро кордеҳон дастҷамъона бо автобусҳо ба назди сафорат меоварданд, то дар интихобот ширкат варзанд.   

Суҳбатулло, муҳоҷири кории тоҷик, ки субҳи 11-уми октябр дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав раъй дод, пас аз овоздиҳӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “барои мо ватанамон ором бошад, чизи дигар даркор нест…”

Дар шаҳри Санкт-Петербург, бинобар маҳдуд будани масоҳати бинои консулгарӣ ва дар шароити пандемияи коронавирус ва риояи фосилаи ҷисмонӣ, нуқтаи раъйдиҳӣ ин бор на дар  консулгарии Тоҷикистон, балки дар бинои “Хонаи миллатҳо” ташкил шуд.

Юрий Баранюк, хабарнигори телевизиони “Настояшее время”, ҷараёни овоздиҳии муҳоҷиронии кории тоҷикро дар шаҳри Санкт-Петербург назорат мекард. Ӯ гуфт, аксари раъйдиҳандагон бар ин назаранд, ки президенти интихобшаванда дар Тоҷикистон бештар ҷойҳои корӣ ташкил кунад.

“Чанд рӯз пеш мо дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик назарупрсии хурде анҷом додем, то андешаи афроди қобили раъйро фаҳмем. Бисёриҳо гуфтанд, ки мехоҳанд дар Ватани худ ҷойи кор бо маоши хуб дошта бошанд”, — афзуд Баранюк.   

Баъд аз Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбург аз шаҳрҳоест, ки беш аз ҳама муҳоҷирони кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.  Субҳи имрӯз раҳбарони ҷамоатҳо дар шаҳрҳои Тюмен ва Сургут ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамроҳ бо даҳҳо шаҳрвандони  Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯён ба Екатеринбург омаданд, то дар интихобот ширкат варзанд.

Ба қавли масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав, интизор меравад дар ин шаҳр ҳудуди 5 ҳазор нафар ва дар умум дар Русия  аз 15 то 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон раъй диҳанд.

Бинобар иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, сандуқҳои раъйдиҳӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ховари Миёна дар шаҳрҳои Абу-Забӣ, Кувайт, Қоҳира, Теҳрон ва дар Аврупо дар шаҳрҳои Брюссел, Вена, Берлин, Париж, Лондон ва дар сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гузошта шудаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.