“Бе иҷозаи муштариён”. Палатаи ҳисоб зарари молӣ дар “Амонатбонк”-ро 41 млн сомонӣ гуфт

Дар пайи санҷиш ё аудити Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар бонки давлатии “Амонатбонк”, беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Палати ҳисоб, ин маблағ аз суратҳисоби муштариён бе иҷозати онҳо гирифта шудааст. Санҷиш фаъолияти ин бонк дар солҳои 2018-2019 ва нимсолаи аввали соли 2020-ро дар бар гирифтааст. 

Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки аксари ин маблағҳо ба филиали рақами панҷи “Амонатбонк” воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рост меояд. Мақомоти Палатаи ҳисоб гуфтанд, ки ҳамакнун 23,6 миллион сомонии он барқарор шудаааст.

Аз рӯи ин амали кормандони “Амонатбонк”, ба Додситонии кулли Тоҷикистон санад пешниҳод шуда ва дар нисбати мудири шуъба, сармуҳосиб ва хазинадори филиали шумораи панҷуми ин бонк дар Душанбе, парванда боз шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Палати ҳисоб, ин афрод ҳамакнун дар боздошт қарор доранд.

Назари масъулини “Амонатбонк” дар робита ба ин гуфтаҳои раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест ва дар ҳолати дастрас шудани он, нашр хоҳад шуд.

“Амонатбонк”-ро дар гузашта ҳам барои роҳ додан ба тақаллуб борҳо танқид кардаанд. Моҳи январи соли 2019 низ Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бархе аз кормандони “Амонатбонк”-ро ба дуздии маблағи буҷа ва пасандози муштариён муттаҳам кард.

Қаблан низ Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду масъули бонки давлатии “Амонатбонк”-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт намуда буд. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд.

“Амонатбонк” бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон аст, ки дар саросари кишвар намояндагӣ дошта, масъули пардохти нафақаи бознишастагон ва дигар кумакҳои иҷтимоии давлатӣ аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.