Беэҳтиромии “Азия плюс” ба корбарон дар пайи ислоҳи як иштибоҳаш

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ожонси “Азия-плюс” бо бознашри як матлаб аз расонаи ӯзбекистонӣ аз мероси фарҳанги ғайримоддии башар эътироф шудани ҳунари минётур (миниатюра) хабар дода, Камолуддини Беҳзодро “намояндаи мактаби ӯзбекии наққошии минётур” хондааст. Бо дархости корбарон МедиаМаркер ин матлабро ростиозмоӣ кард.

  • Манбаъи ин хабар расонаи kun.uz мебошад, ки онро аз нахустманбаъ –сомонаи UNESCO гирифтааст.
  • Нахустманбаъ маълумот оиди бо талошҳои Озарбойҷон, Эрон, Туркия ва Ӯзбекистон мероси фарҳангӣ эътироф шудани ин навъи наққоширо аз ҷониби UNESCO тасдиқ мекунад. Аммо асонаи ӯзбекистонӣ талош кардааст, ин саҳми масъулини Ӯзбакистонро дар ин ташаббус барҷаста кунад.
  • “Азия плюс” бо рӯбардор кардани хабар амали расонаи ӯзбекистониро такрор кардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар нахустманбаъ аз саҳми хосаи ҳич яке аз ҷонибҳои ташаббускор чизе нагуфтаасту матлабашро бо ҳудуди даҳ акс аз Озарбойҷон, Эрон, Туркия ва Ӯзбекистон нашр кардааст.
  • “Азия плюс”дар тақлид ба расонаи ӯзбекистонӣ ташаббусро ба ин кишвар рабт дода, Камолуддини Беҳзодро ”намояндаи мактаби наққошии ӯзбекӣ” (“Было отмечено, что  узбекская школа миниатюры с множеством ярких и выдающихся  художников,  таких как Камолиддин Бехзод, на протяжении многих веков остается одной  из сильнейших и наиболее известных в мире”)  хондааст. Ҳол он ки Камолуддини Безҳод бузургтарин мусаввир, наққош  ва  минётурнигори тоҷик мебошаду аз ӯ «Монии Сонӣ» «Рафаэли Шарқ» низ ном мебаранд.
  • Баъди чанд соати нашри матлаб “Азия плюс” иштибоҳашро ислоҳ карда, Камолуддини Беҳзодро дар такя ба Википедияи русӣ ба тамаддуни форсӣ рабт додааст (“в истории персидского искусства Бехзод является полулегендарной фигурой”), аммо бархилофи талаботи банди 15-и Меъёрҳои фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон дар ин бора ба корбарон иттилоъ надода, узр пеш наовардааст, ки беэҳтиромӣ ба хонандагону корбарон мебошад.
  • Мавриди зикр аст, ки “Азия плюс” аз расонаҳои русзабони маъруфи Тоҷикистон аст, ки ислоҳи хатоҳояшро тақрибан дар ҳич маврид эътироф намекунад.

The post Беэҳтиромии “Азия плюс” ба корбарон дар пайи ислоҳи як иштибоҳаш appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.