Bellingcat: Кормандони ФСБ, ки Навалнийро заҳролуд кардаанд, дар ду заҳролудшавии Владимир Кара-Мурза низ даст доранд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

 Ҳамон гурӯҳи кормандони ФСБ, ки дар заҳролудсозии сиёсатмадор Алексей Навалний,Никита Исаев, Руслан Магомедрагимов ва  Темур Куашев гумонбар дониста мешаванд, дар солҳои 2015 ва 2017 ду кӯшиши заҳролуд кардани рӯзноманигор ва сиёсатмадор Владимир Кара-Мурзаро анҷом додаанд.

  • Тадқиқотчиён аз Bellingcat ва The Insider маълум кардаанд, ки кормандони ФСБ Кара-Мурзаро дар сафарҳояш пинҳонӣ ҳамроҳӣ мекардаанд.
  • Ин гуруҳ се моҳ қабл аз заҳролудшавии аввали сиёсатмадор, ки моҳи майи соли 2015 рух дода буд, ба назорати Кара-Мурза шурӯъ карда, ҳамроҳ бо ӯ дар ин муддат ба Томск, Санкт-Петербург, Калининград ва Қазон сафарҳои пинҳонӣ доштаанд.

  • Он замон Кара-Мурза пас аз ду рӯзи бозгашт аз Қазон ба Маскав дар моҳи майи соли 2015 худро бад ҳис кардаву дар беморхона бистарӣ шуда буд.
    Тадқиқотчиён тахмин мезананд, ки ӯро дар манзилаш дар Маскав заҳролуд кардаанд ё ҳангоми дар Қазон буданаш ба либоси таги вай заҳр чакондаанду ӯ аз он пас аз расидан ба Маскав истифода кардааст.Пас аз бистарӣ шудан духтурон дар Маскав дар бадани  Кара-Мурза норасоии қалб ташхис доданд.
  • Муаллифони тадқиқот диққатро ба он ҷалб мекунанд, ки ҳодисаҳои ин заҳролудкунӣ ба таври назаррас қазия бо Навалний дар Омск рухдодаро ба хотир меоранд.
    Дар ин ҳолат низ сардухтури беморхона исрор меварзад, ки Кара-Мурза интиқол дода намешавад ва ӯро барои табобат ба хориҷа фиристодан мумкин нест. Манбаъҳои номаълум ба  расонаҳо версияҳои мухталиф мепартофтанд, ки  гӯё сиёсатмадор доруҳоеро аз меъёр зиёд  истеъмол кардааст.
  • Ҳарчанд, ба гуфтаи адвокати Кара-Мурза, табиби даъватшуда эҳтимолияти сиҳатшавии ӯро 5% арзёбӣ кард, аммо сиёсатмадор ба зудӣ ба барқароршавӣ сар кард.
  • Пас аз он ки ӯ сафарҳоии худро дар саросари Русия аз сар гирифт, афсарони ФСБ дубора аз паси ба сафарҳо шуруъ кардаанд. Соли 2016 онҳо барои назорати рӯзноманигор ба Қазон, Санкт-Петербург ва Нижний Новгород рафтанд.

  • Бори дуввум Кара-Мурза 2-юми феврали соли 2017 заҳролуд шуда буд.  Муаллифони тафтишот тахмин мезананд, ки заҳр шояд ба чуткаи дандоншӯй пошида шудааст.
  • Пас аз заҳролудшавии дуввум, ҳамсари Кара-Мурза аз беморхона намунаҳои хуни ӯро гирифта, пас аз чанде ба агентҳои ФБР супурдаасту ба ӯ ваъда додаанд, ки онҳоро дар озмоишгоҳи хос озмоиш кунанд, аммо баъдан ФБР аз гузориш додан дар бораи натиҷаҳои ташхис сарпечӣ кард.Пас аз он ки додгоҳ ба ФБР амр додааст, ин ниҳод баъзе порчаҳои гузоришро бо ишора ба сирри боқимонда нашр кардааст.  Маълумоти махфӣ танҳо хулосаҳо дар бораи он буд, ки Кара-Мурза дидаву дониста заҳролуд шудааст, аммо гуфта нашудааст, ки тавассути чӣ.
  • Тадқиқотчиёни сабаби махфӣ кардани баъзе аз бахшҳои парвандаи Кара-Мурза дар ИМА-ро ба муносибати хоси байни ниҳодҳои ҷосусии ду кишвар рабт додаанд.
  • Insider ва Bellingcat таъкид мекунанд, дар охири моҳи январи соли 2018 роҳбари ФСБ Александр Бортников, сардори Хадамоти кашфи хориҷӣ Сергей Наришкин ва роҳбари ГРУ Игор Коробов ба ИМА парвоз кардаанду яке аз онҳо метавонист бо роҳбари ФБР мулоқот кунад.
  • Рӯзноманигор Владимир Кара-Мурза тасмим гирифтааст, ки бо ин аснод ба мақомоти Русия ҷиҳати боз кардани парвандаи ҷиноятӣ муроҷиат кунад. Мақомоти зирабти Русия ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодаанд.
  • Маврид ба зикр аст, ки Владимир Кара-Мурза ва Борис Немтсов аз мухолифони сарсахти Путин буданд, ки он замон хостори ҷорӣ кардани таҳримҳои инфиродӣ зидди наздикони Путин аз сӯи Ғарб шуда, боиси ба вуҷуд омадани механизми нав- Қонуни Магнитский шуданд, вале яке дар наздикии Кремлин кушта шуду ба ҷони дигарӣ ду бор суиқасд сурат гирифт.

The post Bellingcat: Кормандони ФСБ, ки Навалнийро заҳролуд кардаанд, дар ду заҳролудшавии Владимир Кара-Мурза низ даст доранд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.