Белорус “Tut.By”-ро аз унвони Воситаи Ахбори Умум маҳрум кард

Вазорати иттилооти Белорус хабар дод, ки нашрияи онлайнии “Tut.By” аз 1-уми октябри имсол ба муҳлати се моҳ аз унвони воситаи ахбори ом маҳрум карда шуд.

Фармонро вазири иттилооти Белорус Игор Лутской имзо кардааст. Дар “Tut.By” гуфтанд, ки ба монанди пешин ҳамчун расонаи онлайнӣ фаъолият хоҳанд кард.

Масъулони Tut.By мегӯянд, сабти номи сомонаи интернетӣ дар Белорус ҳамчун нашрияи онлайнӣ хусусияти ихтиёрӣ дошта, ба расона чанд имтиёз медиҳад. Аз ҷумла, кормандони он қонунӣ ҳақ доранд, ки дар минтақаи задухӯрдҳои мусаллаҳона, вазъияти фавқулода, чорабиниҳои оммавӣ ва маконҳои дигари таҷаммӯи одамон ҳозир шуда, аз онҷо хабар диҳанд.

Tut.By ҳамчун воситаи ахбори ом дар Белорус танҳо моҳи январи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Он аз замони таъсисаш дар соли 2000 то ин дам бидуни ин мақом фаъолият мекард.

Сомонаи хабарии мустақили Tut.By маъракаҳои ахири пешазинтихоботии Белорус ва ҳамоишҳои эътирозӣ бо талаби бознигарии натиҷаи интихоботро фаъолона бозтоб мекард. Он ҳамарӯза дар бораи баромадҳои мухолифони президенти Белорус Александр Лукашенко ва боздоштҳои бераҳмонаи эътирозгарон хабар нашр мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.