Бердимуҳаммадов бунёди ба номи худро таъсис ва нисфи маошашро ба он гузаронд

Президенти Туркманистон бунёдеро барои кӯмаки ниёзмандони кишвараш таъсис ва онро ба номи худ гузошт.

Расонаҳои маҳаллии Туркманистон хабар медиҳанд, ки президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нисфе аз маошашро ба бунёди ба номи худ интиқол додааст. Ҳаҷми маоши президент ошкор карда намешавад.

Ин бунёд бо як қарори президент аз 29 март таъсис шудааст.

Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки таъсиси бунёд имкон медиҳад, “ормонҳои башардӯстонаи гузаштагон дар амал татбиқ шаванд”.

Дар Туркманистон ҳамчунин ятимхонае таҳти назорат ва ҳимояти Бердимуҳаммадов амал мекунад. Ҳамасола ба таълимгирандагони ин ятимхона, ки аз он ятимхонаи намунавӣ ёд мешавад, аз номи президент туҳфа тақдим мекунанд.

Сарфи назар аз он ки, ба навиштаи расонаҳо, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Туркманистон дар солҳои охир рӯ ба рукуд аст, мақомоти он кишвар, ба вижа президент Бердимуҳаммадов аз рушду некуҳолии аҳолӣ хабар медиҳад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.