Беш аз 100 нафар эътирозгарро дар Беларус боздошт кардаанд

Мақомоти Беларус даҳҳо тан аз ширкатдорони эътирози давомдор алайҳи ҳукумати Александр Лукашенкоро боздошт кардааст.

Назди чор моҳ боз ҳазорон сокини Беларус бо даъвати барканории Александр Лукашенко, президенти ин кишвар, эътироз мекунанд.

Рӯзи 29-уми ноябр, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, пулиси ин кишвар 130 нафар аз эътирозгаронро боздошт кардааст.

Эътироз пас аз 9-уми августи соли равон оғоз шуд, ки мақомот Александр Лукашенкоро ғолиби интихоботи президентӣ унвон карданд.

Эътирозгарон мегӯянд, интихобот шаффоф набуд ва барандаи интихобот Светлана Тихановская буд.

Расонаҳои давлатӣ хабар доданд, ки Александр Лукашенко гуфтааст, пас аз қабули сарқонуни нав аз мақомаш канор меравад.

Ӯ аз соли 1994 то ҳол қудратро дар Беларус дар даст дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.