Беш аз 1500 рӯзноманигор қурбонии вируси куруно шудаанд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар 77 кишвари олам беш аз 1500 рӯзноманигор пас аз гирифторӣ бо COVID-19 ҷон бохтаанд. Қазоқистону Афғонистону Тоҷикистон ҳам истисно набуданд.

  • Дар ин бора Press Emblem Campaign (PEC), ки аз оғози ҳамагирии вируси куруно дар поёни зимистони соли 2020 сурат ҷараён дорад, иттилоъ додааст.
  • “Мо дар моҳи май шумораи рекордии фавтҳо – 200 танро сабт кардем, ки боиси таассуф аст”-омадааст дар гузориши навбатии созмон.
  • “Дар як рӯз ба ҳисоби миёна беш аз шаш рӯзноманигор дар пайи Covid-19 дар моҳи май фавтиданд, ки ин як сабти ғамангез аст” – мегӯяд котиби генералии созмон Блейз Лемпен (Blaise Lempen).
  • Аз ин миён талафоти ҳадди аққал 95 тан (се марг дар як рӯз) дар Ҳиндустон, ки теъдоди сироятёфтагонаш рӯ ба афзоиш аст ва 26 тан дар Брозилиё (тақрибан дар як рӯз як марг) ба қайд гирифта шудааст.
  • «Мутаассифона, дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ пешрафти эмкунӣ барои суст шудани ҳамагирӣ нокофӣ аст. Аз ин рӯ рӯзноманигорон, ки дар ҷабҳаи пеши мубориза бо вирус мебошанд, зери хатар қарор доранд, – меафзояд ӯ.
  • Ба иттилоъи созмон мақомоти баъзе кишварҳо барои кӯмак ба оилаҳои рӯзноманигорони ҷабрдида чораҳо андешиданд, ки қобили ситоиш мебошад.
  • Мутахассисони созмон бар онанд, ки теъдоди воқеии қурбониён бешубҳа зиёдтар аст, зеро баъзан сабаби марг мушаххас карда намешавад, алахусус дар Африқо, ки аз онҷо маълумоти эътимоднок дастрас нест.
  • Бар асоси дидабонии созмон ВАО дар Ҳиндустон нархи вазнинтаринро доранд пардохт мекунанд Талафоти онҳо аз моҳи марти соли 2020 ҳадди ақалл 246 нафар мебошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки манобеъи дигар дар Ҳиндустон дар бораи марги беш аз 400 хабар медиҳанд.
  • Брозилиё Ҳиндустонро бо 239 рӯзноманигоре, ки аз вирус фавтидаанд, пеш аз Перу (163 тан) ва Мексика (112 тан) дунбол мекунад.
  • Даҳ кишвари аз ҳама осебпазир Колумбиё (65), Итолиё (58), Бонглодеш (53), Эквадор (51), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (49), Эрон (32), Оржентин (30), Бритониё (30), Ҷумҳурии Доминикан (27), Покистон (27) мебошанд.
    Туркия (27), Русия (21), Венесуэла (20), Непал (19), Боливия (18) ва Панама (16) тан талафот додаанд.
  • Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ истисно набудаанд. Дар Афғонистони ҳамсоя 9 тан ва дар Қазоқистон 2 тан ҷон бохтаанд. Маъмулоти расмӣ аз талафоти ҷонӣ аз Тоҷикистон вуҷуд надорад, вале бинобар маълумоти ғайрирасмӣ ҳадди аққал як рӯзноманигор дар пайи ҳамагирии вируси куруно қурбон шудааст. Бо далоили ахлоқӣ МедиаМаркер аз қурбонӣ ном намебарад.

 

The post Беш аз 1500 рӯзноманигор қурбонии вируси куруно шудаанд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.