Беш аз 16000 нафар гирифтори саратон дар Тоҷикистон

4-уми феврал, ки Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо саратон аст, табибони тоҷик ба афзоиши ин навъи беморӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд. Соли 2019 ташхис нишон додааст, ки дар Тоҷикистон шумори умумии гирифторони саратон беш аз як ҳазор нафар зиёд шуда, ба 16,300 нафар расидааст. Саратоншиносони тоҷик мегӯянд, баъди бемориҳои марбут ба дил, саратон дар ҷои дуюм меистад. Саратони сина дар миёни занон дар ҷои аввал буда, дар ҷои дуюм саратони узвҳои занона, баъди он саратони меъда дар миёни мардон ва саратони узвҳои мардона қарор доштааст.

Табибон таъкид мекунанд, ки ташхиси доимӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба мутахассиси тиб метавонад дар муолиҷаи саривақтии саратон мусоидат кунад. Машварати тиббӣ ин аст, ки соле як бор аз ташхиси тиббии саратон бояд гузашт.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Созмони ҷаҳонии беҳдошт, соли гузаштаву имсол бо сабаби пандемияи коронавирус саривақт гузаштан аз ташхиси саратон ба як масъалаи доғ табдил шуд. Ҳанс Клюге, раҳбари дафтари аврупоии ин созмон дар изҳороте рӯзи 4-уми феврал гуфт, бо вуҷуди мушкил будани идомаи ташхисҳои саривақтии саратон дар давраи пандемия, ин кор бояд ҳатман зери назари мақомоти тиббӣ қарор дошта бошад.

Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен дар изҳороте аз Брюссел дар бораи барномаи нави мубориза бо саратон хабар дод ва гуфт:

“Соли 2020, вақте ҳамаи мо  бо пандемияи COVID-19 дастбагиребон будем, бисёри дигарҳо муборизаи хомӯши худро бо саратон идома доданд. Мо беш аз як миллион нафарро дар Аврупо бар асари ин беморӣ аз даст додем- волидон, дӯстон ва азизонамонро. Вале мутаассифона, омор афзоиш меёбад”.

Дар солҳои маъмулӣ шумори афроди қурбони саратон дар Аврупо 2,2 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.