Беш аз 30 кишвари дунё аз сабти шакли нави коронавирус хабар доданд

Аз сабти сироят ба шакли нави коронавирус, ки бори аввал дар Бритониё ба қайд гирифта шуд, дар 33 кишвари дигари дунё низ хабар доданд.

Ин шакли коронавирус ба он фарқ мекунад, ки бо суръати баланд дар миёни аҳолӣ паҳн мешавад.

Бритониёи Кабир дубора ҳолати фавқулода ҷорӣ кард ва мактабҳои ибтидоиро дар Лондон баст. Аксари кишварҳои дунё парвоз ба Бритониёро қатъ карданд.

Дар ҳоле чунин тасмим гирифта шуд, ки дар чор рӯзи охир дар Бритониё 50 ҳазор нафарӣ ба коронавирус сироят ёфтанд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ шакли нави коронавирус сабт шудааст. Дар ин кишвар шумораи гирифторон ба коронавирус ба 20 миллион нафар расид.

ИМА, Ҳиндустон, Бразилия ва Русия, аз кишварҳое дар ҷаҳон дониста мешаванд, ки аз ҳама бештар шаҳрвандонашон ба коронавирус сироят ёфтаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.