Беш аз 700 рӯзноманигор дар ҷаҳон дар пайи COVID-19 даргузаштаанд

Дидабонии як созмони рӯзноманигорӣ аз марти соли 2020 то феврали соли ҷорӣ фавти 735 рӯзноманигорро за вируси куруно ба қайд гирифтааст.

  • Созмони Press Emblem Campaign дар як гузориш дидабонии худро натиҷагирӣ карда, аз ин талафоти бузурги ҷонӣ дар 63 кишвари дунё иттилоъ додааст.
  •  “Кормандони ВАО дар мубориза бо вирус нақши муҳим доранд, чун онҳо бояд дар бораи паҳн шудани Covid-19 маълумот ҷамъ оваранд. Дар ин бӯҳрон амнияти кормандони васоити ахбори омма махсусан зери хатар буд, зеро онҳо бояд аз маҳалҳои хатарзо гузориш медоданд. Як гуруҳ аз онҳо бо сабаби надоштани дастрасӣ ба чораҳои дахлдори муҳофизатӣ ҳангоми иҷрои вазифа фавтидаанд”- омадааст дар гузориш.
  • Тибқи ин гузориш дар Перу 95, Мексик 84, Брозилиё 77, Ҳиндустон 54, Итолиё 44, Бонглодеш 44, Эквадор 42, ИМА 38, Покистон 23, Бритониё 22 ва Туркия 21 нафар рӯзноманигорон ҷон бохтаанд.

  • Press Emblem Campaign руйхати фавтидагонро нашр кардааст, ки миёни онҳо рӯзноманигори машҳур Ларри Кинг аз ИМА, Анджей Корповски аз Лаҳистон, Суҷата Барот аз Бритониё, Андрей Усов аз Русия ва дигарон ҳастанд.
  • Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар пайи ҳамагирии вируси куруно дар саросари дунё ҳудуди    103 млн одам гирифтор шуда,  2 миллиону 227 ҳазору 903 тан ҷон бохтаанд. Ин маълумот омори расмӣ аз Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.
  • Мақомоти Тоҷикистон, ки ҷиҳати руйпӯш кардани маълумот чораҳои зиёд диданд аз талафоти ҷонии беш аз 90 тан гуфта, иддио доранд, ки дар кишвар ягон бемори гирифтори ин вирус боқӣ намондааст.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки танҳо дар чор моҳи дидабонии мардумӣ марги беш аз 400 кас ошкор шуда буд, ки ҳудуди 70 тан аз онҳо пизишкону парасторон ва дигар коркунони тиббӣ буданд.
  • Аз моҳи августи соли 2020 зери фишори мақомот дидабонии мардумӣ фурӯ рехта, айни ҳол, аз ҷумла дар МедиаМаркер бо далоили амнияти дидабонон пеш бурда намешавад. Мақомоти Тоҷикистон дастрасӣ ба МедиаМаркерро дар ҳудуди кишвар маҳдуд кардаанд.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.