Беш аз 700 сагро дар Хатлон оташ задаанд 

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон беш аз 700 саги дайду ё бесоҳибро безарар гардонидаанд. Онҳоро аввал парронда, сипас оташ задаанд. Мақомот мегӯянд, аксари ин сагҳо беморанд ва имкони сирояти бемориашон ба сокинон вуҷуд дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот борҳо чунин шеваи бархӯрд ба сагонро дар Тоҷикистон бераҳмӣ унвон кардаанд.

Зафар Ғиёсов, сардори Идораи хоҷагии коммуналии Бохтар гуфт, ки сагҳои дайдуро бар асоси шикояти раисони маҳаллаҳо нобуд кардаанд. 

Ӯ гуфт, ки феълан макони махсусе барои зинда нигоҳ доштани сагҳо надоранд ва маҷбуранд, онҳоро бо чунин шева нобуд кунанд.

Сагҳои дайду дар шаҳру навоҳии Хатлон зоҳиран бештар шудааст, вале дар соли 2019 камтар ба сокинон осеб расонидаанд.

Нурулло Бояков, як масъули Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон гуфт, ки соли 2020 3727 нафар сокини вилоят аз ҳамлаи саг осеб дидаанд, ки дар қиёс ба соли 2019 311 ҳолат кам будааст. Як нафар аз газидани саги ҳорӣ ё девона ҳалок шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.