Бино ба гузоришҳо ҷангҷӯён аз Сурияро ба Қаробоғи куҳӣ овардаанд

Бино ба гузоришҳо даҳҳо ҷангҷӯе, ки бо ҳимояти Туркия аз Сурия барои кумак ба Озарбойҷон омадаанд, дар ҷанг бо Арманистон кушта шудаанд. “Садои Амрико” бо такя ба гузориши Маркази нозири ҳуқуқи инсон дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, навиштааст, Туркия дар рӯзҳои ахир 1200 ҷангҷӯро аз Сурия барои пуштибонӣ аз Озарбойҷон ба Қаробоғи куҳӣ сафарбар кардааст.

Ба гуфтаи марказ, дар ду рӯзи ахир 36 ҷангҷӯи хориҷӣ кушта шудаанд ва дар умум то кунун 60 нафари онҳоро нобуд кардаанд. Рӯзи ҷумъаи гузашта Эманнуел Макрон, президенти Фаронса аз Туркия хостааст, масъалаи ҷалби ҷиҳодиёни Сурия барои пуштибонӣ аз Озарбойҷонро шарҳ диҳад. 

Макрон бо такя ба маълумоти иктишофӣ гуфтааст, ки аз ҳисоби гурӯҳҳои ҷиҳодии Ҳалаб 300 ҷангҷӯро аз Туркия ба Озарбойҷон гузаштаанд.  Арманистон Туркияро ба фиристодани ҷангҷӯён айбдор кардааст, вале Туркия ва Озарбойҷон ин иддаоро рад мекунанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.