Бинокорони қазоқ барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муттаҳид шуданд

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон эътилофи мустақили коргарии “Умед” ташкил шуд. Рӯзи 20 май коргарон ҳуҷҷатҳои сабти номи эътилофро дастрас карданд. Кайрат Айдар, роҳбари эътилоф гуфт, ки айни замон эътилофи коргарии сохтмончиён 12 муассис дорад. Бино ба муқаррароти сабти номи ҳуҷҷатҳо, эътилофи мазкур танҳо дар ҳудуди шаҳри Нурсултон иҷозаи амал карданро дорад. Дар Қазоқистон коргарони бахшҳои гуногун тавассути эътилофҳои мустақили коргарӣ борҳо аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят кардаанд. Дар солҳои охир мақомоти Қазоқистон дар пайи фаъолшавии эътилофҳои коргарӣ ба роҳбарони онҳо фишор меоранд. Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки ба эътилофҳои коргарӣ фишор наоранд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.