Блинкен: “Амрико робитаҳои худро бо Покистон бозбинӣ мекунад”

Вазири корҳои хориҷии Амрико рузи душанбеи 13-уми сентябр эълон кард, ки Вашингтон дар ҳафтаҳои ояндан робитаҳои худро бо Покистон бинобар таҳаввулоти ахири Афғонистон, бозбинӣ мекунад.

Энтони Блинкен, ки дар Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси Намояндагони Амрико ба пурсишҳои вакилон посух медод, гуфт, Покистон манфиатҳои зиёде дар Афғонистон дорад, ки бархе аз онҳо бо манофеи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тазод аст.

Вай изҳор дошт, “як масъала, бозиҳои дугонаи ҳамешагии онҳо дар робита бо ояндаи Афғонистон аст, як масъала паноҳ додан ба аъзои Толибон аст… як масъала ҳам ин аст, ки ҳамкориҳои мутафовит бо мо дар мубориза бо терроризм доштааст”.

Энтони Блинкен сипас дар посух ба ин суоли як намояндаи Конгресс, ки оё вақти он нарасидааст, ки Амрико робитаҳояшро бо Покистон бозбинӣ кунад, гуфт, ин кор ба зудӣ сурат хоҳад гирифт. Вай изҳор дошт, “ин коре аст, ки дар чанд рӯз ё чанд ҳафтаи оянда анҷом хоҳем”.

Покистон робитаҳои амиқе бо Толибон дорад ва муттаҳам ба ҳимоят аз ин гурӯҳ дар ҷангҳо бо ҳукумати мавриди ҳимояти ИМА дар Афғонистон будааст. Аммо Покистон ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст.

Дар ҳоли ҳозир Покистон ба ҳамроҳии Қатар яке аз ду кишваре ба шумор меравад, ки бештарин нуфузро дар миёни Толибон дорад. Баъд аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар тирамоҳи соли 2001, бисёре аз раҳбарони Толибон ба Покистон фирор карданд.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар робита ба таҳаввулоти Афғонистон пас аз суқути Кобул, дар вазъияти душворе қарор гирифтаанд. Аз як тараф ин кишварҳо намехоҳанд ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият бишносанд, аммо аз суи дигар ба ҳадафи пешгирӣ аз вуқӯи бӯҳрони инсонӣ дар Афғонистон, ногузиранд бо Толибон гуфтугӯ кунанд.

Шаҳри Кобул – пойтахти Афғонистон рузи 15-уми август пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ ба дасти Толибон афтод. Кишварҳои ҷаҳон интизор доштанд, ки ин гурӯҳ як ҳукумати ҳамашумулро дар Афғонистон ташкил мекунад. Аммо  тақрибан пас аз 20 рузи суқути Кобул ҳукумати нав эълон шуд, ки ҳамаи аъзои он ба аъзои гурӯҳи Толибон мебошанд. То кунун ҳеҷ кишвари ҷаҳон Толибонро ба расмият нашнохтааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.