Блинкен ба Ғазза ваъдаи кӯмакҳои башарӣ кард

Котиби давлатии ИМА Энтони  Блинкен гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳониро барои кӯмак ба Ғазза ташвиқ мекунад. Ин  минтақа баъди 11 рӯзи ҳамлаҳои ҳавоии миёни Исроил ва ҷангҷӯёни фаластинӣ аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар шароити оташбас ба сар мебарад. Рӯзи 25-уми май, баъди анҷоми мулоқоташ бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Байтулмуқаддас  Блинкен дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, ки Вашингтон барои расидагӣ ба “вазъи риққатбори башарӣ” дар Ғазза кор мекунад ва талош хоҳад кард, ки раҳбарони Ҳамос аз кӯмакҳои барқарорсозӣ баҳравар нашаванд. Қарор аст баъди ин Блинкен дар Рамаллоҳ инчунин бо раҳбари маъмурияти Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот кунад ва баъди ин ба Мисру Урдун ҳам сафар мекунад.

Дипломати аршади амрикоӣ, ки то 27-уми май дар минтақа мемонад, бо намояндагони Ҳамос мулоқот нахоҳад кард. Вашингтон ин созмонро як гурӯҳи террористӣ меҳисобад. Баъди сари кор омадани маъмурияти Ҷо Байден дар моҳи январи имсол дар Амрико, Блинкен баландтарин мақомдори амрикоӣ аст, ки аз минтақа дидан мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.