Блинкен гуфт, ки Олмон мавзӯи хисороти Украинаро аз лӯлаи русӣ дар музокира ҳал мекунад

Олмон роҳҳои ба Украина ҷуброн кардани камбудиҳои молии ин кишварро аз роҳандозӣ шудани лӯлаи газ аз Русия ба Олмон андеша дорад. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар як ҷаласаи Конгресс изҳори назар кард. Лӯлаи “Северный поток-2”, ки сохтмонаш дар ҳоли анҷом ёфтан мебошад, хоки Украинаро нагузашта, тавассути бистари баҳри Балтика  ба Олмон гази табиӣ интиқол медиҳад ва дар натиҷаи сохта шудани ин тарҳ Украина аз миллиардҳо доллар даромади солона аз транзити  газ бенасиб мемонад. Ин тарҳ аз сӯи дигар дар ИМА ва бархе кишварҳои Аврупои Шарқӣ нигарониҳои сиёсӣ ҳам эҷод кардааст, чун мунаққидон бовар доранд, ки Олмону Аврупоро аз Русия вобаста хоҳад кард ва иқтисоду амнияти Украинаро ба ҳам мезанад.

Бо ин вуҷуд, моҳи май маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден розӣ шуд, ки ин тарҳро таҳрим накунад ва бигузорад, ки он сохта шавад. Зоҳиран, ИМА дар талоши ҳифзи муносибатҳои хуб бо Олмон – муттафиқи муҳими аврупоиаш мебошад.

Блинкен, ки дар Конгресс суханронӣ мекард, гуфт, Олмон ҳоло дар андешаи ин аст, ки чӣ гуна метавонад аз шикасти иқтисодии Украина дар паи ин тарҳ пешгирӣ шавад. Блинкен гуфт, ки ҳоло мавзӯи “бо як роҳе ҷуброн шудани хисороти Украина, ки аз роҳи транзит даромад медид, дар маркази баррасӣҳо бо мақомоти олмонӣ мебошад”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.