Блинкен сафарашро ба Аврупо анҷом дод

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 25-уми март дар фарҷоми сафари серӯзааш ба Брюссел аз аҳамияти ҳамкориҳои миёни муттафиқон сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, ки ба мулоқоти мақомоти Иттиҳоди Аврупо бо “ин андеша дар сар сафар кард, ки ИМА ба барқарории нави шарикиву ҳамкориҳо ӯҳдадор аст”. Ӯ гуфт, ҳоло ба хотири раҳоӣ аз чолишҳо робитаҳо бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо имрӯз  аз гузашта   бештар ҳам муҳим мебошанд. Сафари нахустини Котиби давлатии маъмурияти Байден ба Аврупо бо ҳадафи таъкид ба аҳамияти Иттиҳоди Аврупо дар чашми ИМА мебошад, чун дар давраи президенти собиқ Доналд Трамп робитаҳо хеле ҳамкориҳо кам шуд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.