Блинкен ва Қурайшӣ вазъи Афғонистон ва хуруҷи нирӯҳоро баррасӣ карданд

Дар як тамоси телефонӣ котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири хориҷаи Покистон Маҳмуд Қурайшӣ ҷараёни сулҳи Афғонистон ва ҷанги зидди терроризмро баррасӣ карданд. Моҳи апрел президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки то 11 сентябри имсол 2500 низомии амрикоиро аз хоки Афғонистон берун мекашад. Тавофуқи маъмурияти президенти собиқи Амрико бо Толибон ин буд, ки то 1-уми маи имсол нирӯҳои амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк мекунанд. НАТО гуфт, ки бо айни ҳамин нақша кор карда, беш аз 7 ҳазор нирӯҳои эътилофиашро аз Афғонистон берун мебарад.

Департаменти давлатии ИМА шоми 16-уми май бо пахши изҳороте гуфт, дар сӯҳбати телефонӣ Блинкен ва Қурайшӣ  ба «зарурати идомаи ҳамкорӣ дар ҷараёни сулҳи Афғонистон, пешрафти Покистон дар муқобила бо терроризм, инчунин  тавсеаи имконбахши ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату савдо  ва ҳам беҳтар кардани иртибототи минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубӣ» таъкид карданд. Хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон нигаронии бархе кишварҳои минтақаро ба бор овардааст, ки дар сурати набуди созиши сулҳ бо Толибон оё нирӯҳои Афғонистон мустақилона тавони муқобила бо ин гурӯҳи шӯришиҳо хоҳанд дошт ё на. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.