Блогери қазоқро бо гумони “сарнагун кардани ҳукумат” ба ҳабс гирифтанд

Дар шаҳри Алмато блогер ва фаъоли мадании қазоқ Маргулан Боронбой бо гумони ангехтани бадбинии миллӣ ва таблиғи ғасби ҳукумат аз роҳи хушунат боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Қонунгузории Қазоқистон барои ин навъи ҷиноятҳо маҳдуд кардани озодӣ ва зиндонӣ шудан ба муҳлати 7 солро пешбинӣ мекунад.

Вале вакили дифои айбдоршаванда Ануар Байдаров ба ин айбҳо розӣ нест ва мегӯяд, талош хоҳад кард, то коршинос ба хотири хулосаи нодурусташ ва муфаттиш барои бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашидани шахси зери ҳимояи вай муҷозот карда шаванд.

“Далели фармоишии қарор ин аст, ки парванда ҳанӯз соли 2019 боз шуда буд. Дертар онро қатъ карданд. Имрӯз онро дубора боз ва худи ҳамин рӯз Маргуланро ҳабс карданд”, – афзуд вакили дифоъ.

Маргулан Боронбой бо навиштаҳои худ дар мавзуи ватандустӣ ва миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст.

Охирин блоги ӯ дар Youtube ба қазоқистониҳое бахшида шуда буд, ки бо забони модарияшон ҳарф намезананд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.