Блогнависи қазоқистонӣ Маргулан Боронбойро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон блогнавис ва фаъоли маданӣ Маргулан Боронбойро ба ҳабси хонагӣ гирифт. Дар ин бора вакили мудофеи вай Ануар Байдаров иттилоъ дод.

“Мо талаб кардем, ки танҳо берун рафтанаш аз маҳаллӣ зист маҳдуд карда шавад. Аммо додситонӣ талаб кард, ки ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад”, – гуфт Байдаров.

Расонаҳо 2 октябр хабар доданд, ки Маргулан Боронбой дар “ангехтани адовати миллӣ” ва “тарғиби ғасби худсаронаи ҳукумат” гумонбар мешавад.

Маргулан Боронбой бо изҳори назарҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзуъҳои миллӣ ва ватандӯстӣ машҳур аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.