Блогнависону ютубчиҳои Тоҷикистон то 16 % аз даромади соф андоз хоҳанд супурд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Тартиби пардохти андоз аз фаъолияти расонаӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум шуд: барои даромад то 1 миллион сомонӣ то 6 % аз гардиш ё 16 % аз даромади соф ҳар се моҳ. Ҳамин гуна фаъолият, ки даромадаш тариқи амалиёти ғайринақдӣ сурат мегирад 1 % сабукӣ дорад. 

  • Ин нуктаҳо аз посухи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дархости “МедиаМаркер” бармеоянд.
  • Дар посухи ботафсили Кумитаи мазкур омадааст:
  • “Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқукие, ки тибқи тартиби муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.05.2009, №508 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, сароғоз ҳамчун соҳибкорони хурд тибқи муқаррароти боби 43-и Кодекси андози Ҷумҳурии ТоҶикистон мавриди андозбандӣ қарор дода мешаванд.
  • Муқаррароти мазкур нисбат ба  соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатномаи фаъолияткунанда  ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолияти расонаӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Ютуб, Инстаграм ва ғайр) машғуланд ва даромади умумии бо усули кассавӣ  ҳисобшуда  дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз дувоздаҳ моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта аз як миллион сомонӣ зиёд намебошад, татбиқ мегардад.
  • Аз ҷумла, соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома фаъолияткунада  ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолияти расонаӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Ютуб, Инстаграм ва ғайр) машғул шаванда, мувофиқи талаботи моддаи  291 Кодекси андоз  баъди ихтиёран интихоб намудани пардохти андоз тибқи низоми содакардашуда аз фарқияти даромад ва хароҷот андоз аз рӯи амалиётҳои ғайринақдӣ баъд аз тарҳи хароҷот 15 % ва аз рӯи амалиётҳои нақдӣ 16 % ҳар семоҳа эъломияи  андоз тартиб дода,  ба буҷети дахлдор пардохт менамоянд.
  • Ҳангоми интихоби пардохти андози низоми соддакардашудаи андозбандӣ бо усули кассавӣ чунин соҳибкорон аз даромади худ бидуни тарҳи хароҷот андозро бо меъёри аз рӯи амалиётҳои ғайринақдӣ 5 % ва аз рӯи амалиётҳои нақдӣ 6 % ҳар семоҳа эъломияи андоз тартиб дода, андозҳоро ба буҷети дахлдор пардохт менамоянд (талаботи моддаи 291,292 ва 296 Кодекси андоз).
  • Тибқи талаботи моддаи 290 Кодекси андоз дар низомои соддакардашудаи андозбандӣ соҳибкорони хурд (соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома фаъолияткунада ва ё шахсони ҳуқуқӣ) то расидан ба ҳаддӣ даромад (даромади умумии бо усули кассавӣ  ҳисобшуда  дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз дувоздаҳ моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимии гузашта аз як миллион сомонӣ зиёд намебошад) фаъолият менамоянд.
  • Бо гузаштани даромад аз ҳаддӣ пешбинӣ шуда, соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома фаъолияткунада фаъолияти худро ба шахси ҳуқуқӣ табдил медиҳанд ва ба низоми умумии андозбандӣ мегузаранд. Шахсони ҳуқукӣ баъд аз гузаштан аз ҳаддӣ пешбинӣ шуда, бидуни тағйир додани шакли ҳуқуқии худ ба низоми умумии андозбандӣ гузашта, андозҳои дахлдорро ҳисоб ва пардохт менамоянд”.
  • Онҳое, ки ба ин гуна фаъолият мушғуланд муваззафанд, ки то 1 уми апрели соли ҷорӣ дар мақомоти андоз сабти ном шаванд. Ин ҳам дар ҳоле, ки теъдоди ин гуна ашхос маълум нест.
  • Маврид ба зикр аст, ки даромад аз фаъолияти расонаии блогерону ютубчиҳо дар муҳити расонаии Тоҷикистон асосан аз даромад аз ҷой додани реклому огоҳиномаҳо дар каналу барномаҳо, пардохтҳои Ютуб барои реклом ва мавзуҳои фармоишӣ иборат мебошад.

The post Блогнависону ютубчиҳои Тоҷикистон то 16 % аз даромади соф андоз хоҳанд супурд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.