Bloomberg: ИМА эҳтимолан зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад

Ҳукумати президенти ИМА Ҷо Байден имкони ирсоли дипломатҳои Русияро аз ИМА ва ҷорӣ кардани таҳримҳои навро нисбати Москва баррасӣ мекунад.

ИМА ин тасмимро дар посух ба ҳамлаи рахнагарони интернетӣ ва дахолат ба интихоботи ИМА рӯи даст хоҳад гирифт. Дар ин бора сомонаи хабарии Bloomberg бо такя ба манбаъҳои худ иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои хабаргузорӣ, Кохи Сафед омӯзиш ва таҳлили амалҳои хасмонаи эҳтимолии Москва ва ҳамлаи рахнагарон ба муассисаҳои давлатии Амрикоро ба поён расондааст.

Як манбаъ гуфтааст, таҳримҳои нав атрофиёни Владимир Путин, президенти Русия ва мақомоти давлатии Русияро, ки дар дахолат ба интихоботҳои ИМА даст доранд, фаро мегиранд. Яке аз иқдомҳои ҷавобӣ ба амалҳои эҳтимолии Русия ирсоли дипломатҳои рус аз ИМА хоҳад буд, ки “таҳти пӯшиши дипломатия фаъолияти иктишофӣ мекунанд”, гуфтааст манбаъ.

Таҳлили амалҳои душманонаи Русия бо дастури президенти ИМА Ҷо Байден сурат гирифт, ки вай дар рӯзи аввали фаъолияташ ба ҳайси президент ин гуна дастур дода буд.

Миёнаҳои моҳи марти имсол мақомоти махсуси ИМА гузоришеро дар бораи дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2020 нашр карданд. Ҷо Байден дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфт, ки Путин барои дахолаташ ба интихоботи президентии ИМА “посух хоҳад гуфт”.

Мақомоти Русия ҳар навъ дахолати худро ба интихоботи ИМА ва ҳар кишвари дигар рад мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.