Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июн барои марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Россия ва парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд

ДУШАНБЕ, 19.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанон мерасонад, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июни соли 2020 барои марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои ватании «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» ба самти шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия ва аз ин шаҳрҳо ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.

Ҳангоми баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвозҳои чартерӣ ба табақаҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кўдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷўён ва нафарони ҳамроҳ, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар Россия дармондаанд авлавият дода мешавад.

Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар шаҳри Москва ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рўйхати шаҳрвандоне мебошад, ки бояд ба Ватан баргардонида шаванд. Пас аз омода гардидани ин рўйхатҳо шаҳрвандон барои харидории чипта хабардор карда мешаванд.

Бинобар ин аз шаҳрвандони Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, то муроҷиатҳои худро ба суроѓаи электронии charter-russia@mfa.tj бо дарҷи маълумоти тамос ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол намоянд.

Маълумот оид ба рўзҳои парвоз бо назардошти мувофиқа бо ҷониби Федератсияи Россия ва гирифтани иҷозати мақомоти авиатсионии ин давлат иловатан пешниҳод карда мешавад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.