Бо вуҷуди ду моҳ эътирозҳо, ҳукумати Булғористон ба истеъфо рафтанӣ нест

Ҳизби ҳокими GERB  дар Булғористон баъди чандин ҳафта эътирозҳое, ки ба хушунат печид, даъват ба истеъфои ҳукуматро рад кард ва бо ин роҳ бӯҳрони сиёсии кишварро   амиқтар кард. Ҳазорҳо эътирозгар бо нидоҳои “Мафия” ва “Истеъфо” ба хиёбонҳои марказии шаҳри София баромада, аз мақом рафтани нахуствазир Бойко Борисов ва додситони кулл Иван Гешневро талаб карданд. Баъди ду моҳи эътирозҳо мардум назар ба гузашта бештар хашмолуд ба назар мерасиданд ва бо полис ҳам вориди даргирӣ шуданд. Рӯзи 2-юми сентябр ҳазорҳо нафар ба гуфтаашон, ба эътироз алайҳи олигархҳо дар қудрат баромаданд. Дар паи ин эътирозҳо126 нафар боздошт шуд. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтанд, ки тахминан 200 нафар, аз ҷумла 120 ходими полис маҷрӯҳ шуданд. Дар миёни ҷароҳатдидаҳо инчунин журналистон ҳам мебошанд, ки барои пӯшиши хабарии ин ҳодисаҳо рафта буданд. Президент Румен Радев, ки аз сотсиалистҳо пуштибонӣ мешавад, ҳукуматро барои истифодаи “номутаносиби нирӯ алайҳи эътирозгарон ва журналистон” интиқод ва истеъфои ҳукумати Борисовро талаб кард.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.