Бокуву Ереван ҳамдигарро дар нақзи қоидаи оташбас гунаҳгор карданд

Арманистону Озарбойҷон ҳамдигарро дар вайрон кардани муқаррароти оташбаси навбатии  гуманитарӣ, ки 26-уми октябр ҷорӣ шуд, айбдор карданд. Вазорати дифои Арманистон гуфт, ки аз ҷониби нирӯҳои Озарбойҷон ду дафъа тирандозӣ сурат гирифт. Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, ки як ҳолати вайрон кардани оташбас соати 9:10 дақиқаи субҳ, вақте нирӯҳои Озарбойҷон мавзеъҳое дар ҷанубу шарқро ҳадаф қарор доданд, ба қайд гирифта шуд. Ҳолати дуюм, ба навиштаи Степанян дар Фейсбук,  дуюм соати 8:45-и субҳ, яъне дар ҳоле буд, ки озарбойҷониҳо мавзеъҳои Артсахро дар шимолу шарқ ҳадаф қарор доданд.  Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки нирӯҳои ин кишвар оташбасро риоят карда, баръакс, ба гуфтааш, арманиҳо як дафъа “дағалона” созишро вайро карданд. Ин иттиҳомот як рӯз баъди он садо дод, ки дар изҳороти муштараки ду ҷониб аз Департаменти давлатии ИМА ва ҳам ҳукуматҳои ин кишварҳо ҳарду ҷониби даргир ба оташбас мувофиқат карданд. Музокироти вазирони хориҷаи ду кишвар дар Вашингтон талоши сеюми ҷорӣ кардани оташбас ва хатми низоъҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ дар чор ҳафтаи ахир буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.