Бокуву Ереван равуои нақлиёт ва робитаҳои иқтисодиро барқарор мекунанд

Баъди мулоқоти сеҷонибаи сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар шаҳри Маскав изҳороти муштарак қабул шуд.

Се роҳбар ба созиш расиданд, ки “ҳамаи робитаҳои иқтисодӣ ва равуои нақлиёт”-ро байни Озарбойҷону Арманистон барқарор кунанд. Бино ба пешниҳоди Владимир Путин, барои барқарории ин равобит Гуруҳи кории сеҷониба ташкил мешавад.

Гуруҳи корӣ то 1-уми марти соли 2021 нақшаи барқарорсозии равуои нақлиётро байни Озарбойҷону Арманистон – бо назардошти таъмини бехатарӣ – пешниҳод хоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.